Обтаъминкунӣ

 

Обтаъминкунии марказонидашудаи ш. Душанбе соли 1932 оғоз ёфтааст. Иқтидори ибтидойии иншооти обнигоҳдорӣ(обтозакунӣ) 16000 м³/шабонарӯз- ро ташкил менамуд. Ба сохтори маркази обтозакунӣтаҳшингоҳҳои уфуқӣ, омехтакунакҳои сунбагӣ, камераи таворагии дурдаҳосилкунӣ, таҳшингоҳҳои уфуқии танвирӣ, полояндаҳои (филтрҳои) зудкор, обанборҳои оби тоза бо ғунҷоиши 500 м³, истгоҳи обкашии дараҷаи дуюм дохил мешуданд. Бо сабаби онки пас аз таҳшингоҳҳои гилин об ба дигар иншоот бо ёрии обкашҳои дар бинои истгоҳи обкашии дараҷаи дуюм қарордошта интиқол меёфт, истгоҳ «Фишорӣ» («Напорная») номида мешуд. Манбаи обтаъминкунии он дарёи Варзоб аст, ки аз он дар масофаи 16 км. болотар аз шаҳр об гирифта мешавад.

Афзоиши талаботи аҳолии шаҳр ба об барои сохтмони истгоҳи дигар, ки номи «Худҷорӣ» («Самотечный»)- ро дорад асос гардид, ки соли 1957 ба кор дароварда шуд.

Дар соли 1972 иншооти обнигоҳдории зеризаминӣба истифода дода шуд, ки дар қисми Ҷанубу Шарқии шаҳр дар дарёбоди дарёи Кофарниҳон ҷойгир аст (ИОК), дар соли 1977 бошад, истгоҳи иншооти обнигоҳдорӣдар қисми Ҷанубу Ғарбии шаҳр ба кор андохта шуд, ки «Иншооти обнигоҳдории Ҷанубу Ғарбӣ» номида шудааст.

Обтаъминкунии шаҳри Душанбе тавассути чаҳор иншооти обнигоҳдорӣбо иқтидори лоиҳавии 520 000м³/шабонарӯз. амалӣкарда мешавад, ки аз онҳо дутояш сатҳизаминӣбуда дорои иқтидори лоиҳавии 204,000 м³/шабонарӯз мебошанд.

Омодасозии об барои истеъмол аз манбаи сатҳизаминӣбо роҳи коркарди реагентӣ, таҳшинкунӣ, полоидан (филтркунӣ) дар полояндаҳои (филтрҳои) зудкор ва безараргардонӣамалӣгардонида мешавад. Омодасозии обҳои зеризаминӣбошад танҳо бо роҳи безараргардонӣамалӣмешавад. Масоҳати умумии ишғолнамудаи ОКД аз рӯйи иқтидори истеҳсолӣ311,3 га -ро ташкил медиҳад, ки аз он ҳудуди иншооти обнигоҳдорӣ- 169,2 га, иншооти обтозакунӣ- 130,4 га, боқимонда 117 га ба дигар сехҳои истеҳсолии ёридиҳанда рост меояд.

Дарозии шабакаҳои обгузар 675,8 км.-ро ташкил медиҳад, ки аз онҳо:

обгузаронӣ- 175 км.

магистралӣ- 282 км.

тақсимотӣ- 225 км.

Маводи қубурҳо:

пӯлод -56%,

чӯян-36%,

пластмасса- 1%,

сементу асбест -7%.

Танзим ва ба истифода додани шабакаҳои обгузар бо ёрии 16500 лулабандҳо (задвижкаҳо)- и дар 10700 чоҳ насбшуда амалӣгардонида мешавад.

Дар соли 2011 дар корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» зиёда аз 40 ҳазор метр қубурҳои қутрашон аз 100 то 600 мм иваз карда шуданд.

Обтаъминкунӣ яке аз муҳимтаин соҳаҳои техника аст, ки ба баландбардории сатҳи зиндагии одамон, ободии нуқтаҳои аҳолинишин, рушди истеҳсолот ва хоҷагии қишлоқ равона гардидааст. Таъмини аҳолӣбо оби босифат ва ба миқдори кофӣаҳамияти муҳими иҷтимойии снитарию гигиенӣдошта одамонро аз бемориҳои сироятии тавассути обгузаранда эмин медорад. Барои эҳтиёҷоти шаҳрҳои муосир, корхонаҳои истеҳсолӣва хоҷагиҳои нерӯӣмиқдори бузурги оби аз рӯйи сифати худ ҷиддан ҷавобгӯи стандарти давлатӣ(ГОСТ) лозим аст. Ба сифати манбаи обтаъминкунии марказонидашуда дар мо обҳои сатҳизаминӣва зеризаминӣистифода бурда мешаванд.

Оби манбаъҳои сатҳӣметавонад аз моддаҳои ҳалнашаванда ифлос гардад. Барои таҳшинкунии онҳо аз коагулятсияи омехтаҳо дар об истифода мебаранд, ки дар дохили ҳавзи танзими шабонарӯзӣ(ҲТШ) амалӣкарда мешавад. Он навсозӣшуда соли 2009 ба истифода дода шудааст. Яке аз усулҳои асосие, ки расонидани сифати обро то ба меъёрҳои ҷавобгӯи талабот имконият медиҳад, полоидан (филтркунӣ) аст.

Моҳияти ин усул дар гузаронидани моеи дорои омехтаҳо тавассути маводи полоянда (филтркунанда) ифода меёбад, ки моеъро мегузаронад, вале зарраҳои сахтро бозмедорад. Дар соли 2011 толори полоянда (филтркунанда)- и истгоҳи обтозакунии обгузари фишорӣпурра барқарор карда шуд.

Пас аз коагулятсия ва полоиш (филтркунӣ)-и об аз он қисми бештари бактерияҳо (то 90%) баратараф карда мешаванд, вале дар байни қисми боқимонда метавонад бактерияҳои бемориовар низ монанд, аз ин рӯоби полоидашуда (филтршуда)-ро бо технологияи барои Тоҷикистон нав, вале дар тамоми ҷаҳон васеъ истифодашаванда - гипохлоронидан безарар мегардонанд.

Безараргардонии об дар истгоҳҳои обтозакунии шаҳр дар замони муосир ба воситаи гипохлорити натрий амалӣкарда мешавад, ки тавассути электролизи намаки ошӣдар яке аз истгоҳҳои шаҳри мо дар натиҷаи ба истифода додани хлоратори нави аз рӯйи дастовардҳои навтарини техника дар соли 2011 сохта шуда ҳосил карда мешавад.

Раванди безараргардонии об воситаи эътимодноки пешгирии паҳншавии сирояти аксар бактерияҳои тавассути об паҳншаванда (батсиллаи домана ва исҳоли хунин, вибриони вабо, вирусҳои энсефалит) ба шумор меравад, ки нисбати хлор нисбатан устувор ҳастанд.

Усули хлоронидани натрий усули нисбатан бехатар (хатари ихроҷи хлори заҳрнок вуҷуд надорад) ва нисбатан қулай барои интиқол шуморида мешавад. Замонҳои пеш хлорро мо аз кишварҳои ҳамсоя дастрас мекардем.

Назорати озмоишгоҳиву истеҳсолии сифати оби ба шабака равонашаванда ба таври доимӣаз рӯйи нишондиҳандаҳои микробиологӣ, кимёвӣва органомикӣгузаронида мешавад. Ба схемаи таҳлили кутоҳи санитарию кимёвӣмуайян намудани бӯй, тамъ, шаффофият, тирагӣ, хлоридҳо, рН, ишқорнокӣ, дуруштӣ, алюминийи таҳшиншуда (дар ҳолати додани коагулянт барои тоза кардани об аз модаҳои ҳалнашаванда), аммиак ва нитратҳои таҳшиншуда ва ҳамчунин таҳлили бактериологӣдохил мешавад.

Ба схемаи таҳлили мукаммали санитарию кимёвӣбошад, дохил мешавад муайян намудани: таҳлил аз рӯйи схемаи кутоҳ ва ошкорсозии иловагии моддаҳои ҳалнашаванда (дар мавриди оби лойолуд), калсий, магний, маҷмӯи (K+Na), сулфатҳо, нитратҳо, таҳшинҳои хушк ва микроэлементҳо.

Барои гузаронидани тамоми тартиби назорати сифати об дар соли 2011 озмоишгоҳ пурра барқарор карда шуда бо техника ва реагентҳои муосиртарин муҷаҳҳаз гардонида шуд.

Дар расмҳо ходимони озмоишгоҳ машғули кор

Бинои нави дуошёнаи озмоишгоҳ

Дар замони муосир воситаи асосии безараргардонии об барои ҳадафҳои ошомиданӣкоркарди он бо хлор ба ҳисоб меравад. Хлор моддаи сахттаъсир мебошад. Истифодаи хлори моеъ (интиқол, нигоҳдорӣва татбиқи амалӣ) аз ташкилоти истифодабаранда (Обу корезҳо) ҳалли як қатор чорабиниҳои ташкилию техникиро талаб менамояд, ки мувофиқи қойидаҳои ПБ-09-594-03 ба баландбардории бехатарӣ, муҳофизати аҳолӣва ҳудудҳо аз оқибатҳои ногувори садамаҳо ва ҳолатҳои фавқулоддаи имконпазир барои объектҳои дар ҳудуди шаҳр ҷойгиршуда равона гардидаанд. Воситаи алтернативӣбезараргардонӣбо ёрии Гипохлориди натрий мебошад, ки аз намаки ошӣбевосита дар худи истгоҳи обтозакунӣҳосил карда мешавад. Ин усул замонҳои охир дар кишварҳои ИДМ васеъ истифода мешавад. Афзалияти ин усул дар даст кашидан аз истифодаи хлори моеъ ифода меёбад, ки ҳамагуна хатари имконпазирро доир ба таъсироти манфӣба одамон ва муҳти атроф истисно мекунад. Гидрохлорити натрийи бо ғализии 0,8 % ҳосилкардашаванда комилан бехатар мебошад. Барои безараргардонии об дар истгоҳи обтозакунии «Худҷорӣ» («Самотечная»)-и шаҳри Душанбе бори аввал таҷҳизоти электролизии Newtecбо маҳсулнокии 40,0 кг. хлори фаъол дар як соат мавриди истифода қарор дода шуд. Ин таҷҳизот дар як шабонарӯз безараргардонии 300 000,0 мЗ обро таъмин менамояд.

Безараргардонӣ бо истифода аз технологияи пешқадам ва бехатари оби ошомиданӣва пасобҳо бо гипохлорити 0,8 % аз намаки истеъмолӣ

Афзалияти гипохлорит:

§ Новобастагӣаз истеҳсолкунандаи моддаҳои кимёвӣ

§ Истеҳсол вобаста ба талабот

§ Моддаҳои хатарнок кам дар объект нигоҳ дошта мешаванд

§ Барои террористон ҳадафи начандон ҷолиб

§ Ба ҳадди ақал расонидани мушкилоти алоқаманд бо интиқол, нигоҳдорӣва баҳисобгирии моддаҳои кимёвӣ

§ Арзиши нисбатан ками ашёи хом

§ Системаи пурра автоматикунидашуда, қобилияти кор бе иштироки оператор

§ Ба ҳадди ақал расонида шудани талабот ба хадамоти сервисӣ

§ Маҳлули дорои ғализии кам

§ Деградатсияи ками NaOCl ҳангоми нигоҳдорӣ

§ Кам будани маҳсулоти иловагию ғайриасосӣ

§ Хароҷоти нисбатан кам ҳангоми истифодабарӣ

Система читавр кор мекунад

Оби воридшаванда нармтар карда шуда бо мақсади ҳосил кардани маҳлули дорои ғализии баробар ба 3 % ба маҳлули ғании намакин омехта карда мешавад.

Минбаъд маҳлул ба электролизер интиқол дода мешавад.

Дар электролизер тавассути маҳлул қувваи барқ гузронида мешавад.

Хлори газмонанд дар анод, гидроксиди натрий ва гидрогени газмонанд бошанд дар катод ҳосил мешаванд.

Минбаъд хлори газмонанд бо гидроксид ба реаксия даромада дар натиҷа гипохлорити натрийи 0,8 %- а ҳосил мешавад, ки сипас ба зарфи нигоҳдорӣинтиқол меёбад.

Гидрогени газмонанд тавассути электролизер ба зарфи нигоҳдории маҳсулот меафтад, ки дар онҷо он то ба дараҷаи ғализии бехатар пароканда карда шуда ба атмосфера хориҷкарда мешавад.

Схемаи кори сех:

Расмҳои сех

Дар соли 2010 барқарорсозии истгоҳи обтозакунии «Фишорӣ» («Напорная») оғоз ёфт, дар онҷо обкашҳои полояндаҳо (филтрҳо) пурра иваз карда шуданд.

Дар соли 2011 дар истгоҳ объекти «Филтр» баистифодадода шуд.

Расми бинои «Филтр» ва обкашҳои он

Расми раванди полоиш (филтркунӣ)

 

 


Сомонаи расмии президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Конфронси оби дар
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Маркази милии қонунгуҳории
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ «ОБУ КОРЕЗИ ДУШАНБЕ»,2013-2019.