«Лоиҳаи беҳтар намудани обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе» бо маблағгузории Бонки Осиёии Рушд (Грант 0612 – TAJ)

 

«Лоиҳаи беҳтар намудани обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе» бо маблағгузории Бонки Осиёии Рушд (Грант 0612 – TAJ)

Маблағи умумии лоиҳа 45,8 млн. Доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз он 41,18 миллион доллари ИМАГранти Бонки Осиёии Рушд ва 4,62 млн. Доллари ИМА - саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
    -Лоиҳа, аввалин лоиҳа дар бахши шаҳри, ки аз ҷониби БОР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад ва маблағгузории барқарорсозии иншооти обтаъминкунӣ ва санитариро бо баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим ва таҳкими иқтидори институтсионалии Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» барои беҳтар намудани хизматрасонии худ дар минтақаи Шоҳмансур ва ҳудудҳои наздик ба он, дар қисмати ҷанубу шарқии шаҳр ҷойгиранд фаро мегирад. Лоиҳа барои ҳалли вазифаи аввалиндараҷаи шаҳри Душанбе барои таъмини бехатарии об ва беҳбуди вазъи санитарии муҳити зисти шаҳр равона карда шудааст.
    -Лоиҳа Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мақсадҳои зерин дастгирӣ менамояд: (i) барқарор намудани дастгоххои обтаъминкунӣ ва корези, бо пуркувват намудани уствори нисбати таъсироти тагирёбии иклим, махдуд намудани сарфаи обхои бефоида ба воситаи иваз намудани кубурнокилхои асоси, таҳияи минтақаҳои андозагирӣ (РРЗ) ва барқарорсозии коллектори корезии ҷанубӣ; (ii) ташкили бизнес-модел барои Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» кадоме, ки дигаргунсозии техники, хизматрасони, инстуционали ва ташкилии корхона ва сохтори механизмхои идоракунии захирахои мехнати, хисоботдихи ва ҳавасмандгардонӣ-ро дар бар мегирад сохта шуда бо матритсаи таҳлили натиҷавӣ коркарди стандарти хизматрасони ба муштариён ва тагироти одоби мушовират оиди усулҳои нигоҳдории об ва хисобкунии пешрафтаи хушманд ташкил карда мешавад

    Дар доираи амалишавии Лоиҳаи беҳтар намудани обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе иҷрои чорабиниҳои зерин пешбинӣ карда шудаанд:
- Таъмини шабонарӯзии 75 000 нафар сокинони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо оби тозаи нӯшокӣ;
- Барқароркунӣ ва иваз намудани қубурҳои обрасонӣ ва корезӣ дар мавзеи фарогирифтаи Лоиҳа (қубурҳои дохилии тақсимотӣ - 57 км ва қубурҳои магистралӣ – 17,2 км);
- Азнавсозии системаи тақсимот, дастрасӣ ва хисобкунии оби нушокӣ дар асоси мавзеъҳои фишорӣ ва андозагирӣ, насб намудани таҷҳизоти диспетчерӣ ва пайвасти системаи ахборотӣ;
- Кам намудани талафоти оби бефоида (ғайридаромаднок) дар ҳаҷми то 30% дар мавзеи фарогирифтаи Лоиҳа;
- Таъмини ҳолати хуби беҳдоштӣ барои қариб 350 000 ҳазор нафар сокинони шаҳри Душанбе (барқарор намудани шоҳқубури корезии ҷанубӣ бо дарозии 10,8 км);
- Харидорӣ ва насби 5200 адад обҳисобкунакҳои ҳуҷравӣ ва васли обҳисобкунакҳои калонҳаҷм – 42 адад;
- Барқарорсозӣ ва таҷдиди 17 адад чоҳҳо дар пойгоҳи обтайёркунии Кофарниҳон-1, харидорӣ ва насби 22 адад насосҳои амудӣ;
- Пурра барқарор намудани пойгоҳи насосии барориши дуюм дар пойгоҳи обтайёркунии Кофарниҳон-1;
- Беҳбуд бахшидани низоми безараргардонии оби нӯшокӣ;
- Барқарор намудани ҳудуди санитарию муҳофизатӣ дар пойгоҳи обтайёркунии Кофарниҳон-1;
- Сохтмони 2 адад обанбори ғунҷоиши ҳар кадомашон – 2000 метри мукааб дар мавзеъи теппаҳои шарқӣ ва барқарор намудани пойгоҳи насосии барориши сеюм, инчунин дигар чорабиниҳо амалӣ мегарданд. 

 

Минтақаҳои муайяншудаи фарогири бастаҳои Лоиҳаи беҳтар намудани обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе

Харитаи мавзеи фароргирии Лоиҳа ҷиҳати таъмини ҳолати хуби беҳдоштӣ барои 350 000 нафар аҳолӣ

Ҷадвали кории омодасозии Созишномаи грантӣ ва мӯҳлати оғози фаъолияти он. 

Амалҳо

Муҳлатинақшавӣ

Ирсол намудани лоиҳаи Созишномаи Лоиҳавӣ ва Грантӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон, тасдиқи ин ҳуҷҷатҳо, нашри он дар шабакаҳо

       июли соли 2018

Таҳлили ҳуҷҷатҳо дар идораи Бонки Осиёгии Рушд

2 августи соли 2018

Гуфтушунид оид ба лоиҳаи ҳуҷҷати Созишномаи Грантӣ

20 августи соли 2018

Ҷаласаи роҳбарияти Бонки Осиёгии Рушд

27 сентябри соли 2018

Ба имзо расонидани Созишномаи Грантӣ

29 ноябри соли 2018

Оғози амалишавии Созишномаи Грантӣ ва ратификатсияи он дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

22 феврали соли 2019

 

 Бастаи 1. Беҳтар намудани обтаъминотӣ дар шаҳри Душанбе

1) Кофарниҳон-1, Таҳвили об: Барқарорсозии 17 чоҳ, иваз намудани 22 насос, такмили таъминоти нерӯи барқ, барқарорсозии СИ, ҳифзи ҳудуд ва соҳили дарё, СИТ (SCADA)
2) Пойгоҳи насоси дар Кофарниҳон-1; Барқарорсозии ПО, иваз намудани насосҳои мавҷуда бо насосҳои самарноки Q1800м3 / соат, H125м– 4 дона ва насосҳои пастфишори Q210м3 / соат, H90м-2дона, таҷҳизоти танзимотӣ.
3) Хлоркунӣ: Барқарорсозии бинои мавҷуда, бо таҷҳизоти нави хлоридӣ бо системаи тозакунӣ ва назорати хлори боқимонда.
4) Сохтмони бинои лабораторӣ ва операторҳо.
5) Беҳтар намудани қубурҳои шабакаи дохилӣ: андозагирии об дар марҳилаи истеҳсолот ва cабти об ба обанборҳо
6) Хати интиқолӣ: иваз кардани 10,4 км хатти интиқоли DN500-600 мм, Кофарниҳон-1 то обанбори Баҳорӣ
7) Минтақаҳои андозагирӣ (DMA): (i) таъсиси DMA (A-1, A-2, A-3, A-4) бо пурраги ивази шабакаи тақсимотӣ L = 28,0 км, пайвастагиҳои маиши, хисоби андозаи оқилонаи об, пойгоҳи насосӣ, (ii) ҷудокунии DMA аз пайвасти шабакаи асосӣ, насб кардани воситаҳои ченкунӣ барои DMA(A-5,6,7,8, C9, A10)
8) SCADA барои DMA ва пайвастшавӣ ба системаи иттилооти шабакавии «Обукорезӣ» 

Бастаи -2. Беҳтар намудани обтаъминкунӣ дар шаҳри Душанбе
1) Хати фишори обӣ: Иваз намудани хати оби фишорӣ аз камера дар кӯчаи Айнӣ то ИО Ховарон ва маҳаллаи 191, L=2,4 км, инчунин пайвастшавӣ ба DMA (C11, C17 ва B16)
2) Сохтмони хати нави L=1,7 км, Ховарон то обанборҳои нави 2х2000 м3 дар майдончаи Зебуннисо ва дар шабакаи обтақсимкунӣ.
3) Барқарорсозӣ / таъмири яке аз дуқубурҳои мавҷуда DN 500 мм аз КАФ-1 то деҳаи Мирзобек, L=2.8 км,
4) Барқарорсозии пойгоҳи обкашии Ховарон: бинои ПО, иваз намудани 4 адад насосҳои агрегатӣ бо самаранокии Q350 м3/соат, H90м, маҷмӯи таҷҳизоти электромеханикӣ, аз ҷумла трансформатори TM400
5) Сохтмони обанборҳои оҳанубетонӣ 2x2000 м3, дар майдончаи Зебуннисо;
6) Минтақаҳои андозагирӣ (DMA):(i) насби DMA (A-14, AB-15 бо пуррагӣ ивазкунии шабакаи тақсимотӣ L=29,5 км, пайвастиҳои маишӣ, ҳисоби андозаи оқилонаи об, (ii) тақсимоти DMA аз пайвасти асоси шабака, насб кардани воситаҳои ченкунӣ барои DMA (A10,10-1, A-11,12, C11,17, B16)
7) Системаи SCADA барои DMA ва пайвастшавӣ ба шабакаи иттилоотии «Обукорезӣ»

Бастаи-3. Корезии шаҳри Душанбе
Барқарорсозии Коллектори ҷанубии корезии шаҳри Душанбе аз деҳаи Мирзобек қисмати ҷанубу-шарқии шаҳри Душанбе то кӯчаи Соҳилӣ тарафи рости дарёи Душанбинка (Варзоб) бо дарозии 10 км.

Барои 5,5 км лоиҳаи корӣ аз ҷониби ҶСК «Корезлоиҳа» омода шудааст, аммо баъзе тағйиротҳо ворид карда мешаванд
Барои қисми боқимондаи он ,4.4 км, лоиҳаи нави корӣ бояд дар асоси лоиҳаи пешакии CDIA таҳия карда шавад
- Қутр: 1000-1400mm
- Миқдори оби гузаронидашавандаи лоиҳавӣ: 2,43 м3/сек
- Нишеби миёна: 0,002
- Чуқурии миёна: 3,5м
- Фарқияти баландӣ: 44м
- Гузариши дарё, ОД 1400: 2x110м


Сомонаи расмии президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Конфронси оби дар
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Маркази милии қонунгуҳории
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ «ОБУ КОРЕЗИ ДУШАНБЕ»,2013-2019.