Иншооти тозакунии обпартоҳо

 

Дар айни замон аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон лоиҳаи коркарди унсурҳои нави безараргардонии партобҳо ва нейтрализатсияи гази СО2 фармоиш карда шудааст, ҳамчунин реагентҳои кимёвӣбарои афзудани суръати ҷудошавии гази СН4 омода карда шуда истодаанд. Кормандони Донишгоҳ ба мо якчанд роҳу усулҳоро пешниҳод намуданд ва айни замон санҷиши онҳо дар амалия гузаронида шуда истодааст.

Дар ҳавзҳои биологӣба таври озмоишӣЭйхорния кучат карда шуда истодааст.

Барои суръат бахшидан ба раванди тоза кардани пасобҳо, асосан дар давраҳои гарм, истифодаи парвариши растаниҳои олии обӣ, ки сабзишу афзоиши босуръат дошта, қобилияти фурубарии суръатноки тамоми унсурҳои биогенӣва пайвастагиҳои онҳоро аз муҳити обӣдоранд, тавсия дода мешавад.

Бо назардошти қобил буданаш ба сабзиши босуръат дар ҳолати мунтазам дур кардани растаниҳои зиёдатӣ, яке аз усулҳои аз нигоҳи масрафҳои иқтисодӣсамараноктарини тозакунӣ(тозакунии пешакӣ) маҳз ҳамин усули биологӣбо истифодаи растани гулдори тропикӣ- Эйхорния (Сунбули обӣ) - намояндаи растаниҳои олии обӣба шумор меравад.

Номи биологӣ- Eichorniacrassipes ё Eichorniaspeciosaаз оилаи Pontenederia- Эйхорния (Сунбули обӣ). Он растании обии шинокунанда мебошад, ки қисми аз об берунаш аз пояҳои кӯтоҳи дорои баргпояи баргҳои байзашакл буда, гулаш ба сунбул монанд аст. Решачаҳои хуб инкишофёфтаи решаҳои зериобии он дар шакли муякҳо ба об овезон гардидаанд.

Ин растанӣтавассути ҳосил намудани буттазори обии калон, вале маҳдуд сатҳи ҳавзҳои обро мепӯшонад. Растании алоҳида пояи кӯтоҳ дорад, ки дар натиҷа баргҳояш дар шакли баргпояҳои рӯиобӣҷойгир мешаванд. Баргҳои ин растанӣпусти ғафс ва гулубаргҳои ғурашакл дорад.

Эйхорния дар шароитҳои табиӣдар ҳавзҳо ва ботлоқзорҳои мамлакатҳои дорои иқлими тропикӣва субтропикӣмерӯяд. Ватани ин «алафи бегона» (дар энсиклопедия чунин ном бурда шудааст) Осиёи Ҷанубу Шарқӣмебошад. Дар он ҷой ин растанӣбо номи «сунбули обӣ» маъмул аст. Аммо бисёриҳо бо андешаи биологҳо мувофиқ нестанд. Барои онҳо эйхорния - растании худруйи манфиатнок аст. Он ғизои хубест барои ҳайвонот, маводи хом аст барои истеҳсоли қоғаз, биогаз ва монанди инҳо. Ин растанӣдар ҳавзу обанборҳо ва ҳатто дар ҳавзҳои обаш равон низ месабзад. Аз ҷумла он дар обҳои руди муқаддаси Ганг зиёд ба чашм мерасад. Ин руди бузург бо вуҷуди миқдори ниҳоят зиёди партоби пасобҳои шаҳрҳо ва минтақаҳои сершумори аҳолинишин бо оби тозаву софи худ машҳур аст.

Корҳои дар соли 2011 дар истгоҳи «иншооти тозакунии обпартоҳо» иҷрошуда

Ивази қубурҳои обгузари пӯлодинd-159 ба намуди пластмассавӣба дарозии 600 м.
Таъмири асосии таҳшингоҳҳои ибтидоии навбати аввал №5 ва 6.
Таъмири асосии таҳшингоҳҳои ибтидоии навбати дувум №11.
Дастраснамойии агрегати обкашии сД-6 ба регнигоҳдораки навбати аввал.
Дастраснамойии агрегати обкашии 4 км ба регнигоҳдораки навбати аввал.
Таъмири асосии муҳаррики барқии 400 кВт х3000 -и умумӣбарои ҳавокашҳои навбати дувум.
Таҳшингоҳҳо қабл аз барқарорсозӣ

Рафти корҳои барқарорсозӣ


Сомонаи расмии президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Конфронси оби дар
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Маркази милии қонунгуҳории
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ «ОБУ КОРЕЗИ ДУШАНБЕ»,2013-2019.