Маълумоти мухтасар доир ба КВД «Обу корезӣ Душанбе»

Шаҳри Душанбе дар водии Ҳисор, дар резишгоҳи дарёи Варзоб ба дарёи Кофарниҳон ҷойгир шудааст ва бо тобистони хушку гарм, бухоршавии баланди об дар давраҳои тобистон, тирамоҳ ва баҳор, тақсими нобаробари боришот дар фаслҳои сол ва амплитудаи калони тағйирёбии ҳарорати солонаи ҳаво (-14С+42С) тавсиф дода мешавад.

Миқдори солонаи боришоти атмосферӣ дар ҳудуди 453-810 мм тағйир меёбад ва 65 % (фоизи) он ба давраи баҳорӣ рост меояд.

Дарёи Варзоб ҳудуди шаҳрро ба ду қисм - Соҳили чап ва Соҳили рост тақсим менамояд. Пастшавии маҳал дар ҳудуди шаҳр 200 метрро ташкил медиҳад, замини маҳал зардхоки нишаста (қисми соҳили чап) ва шағалу сангрезагӣ (қисми соҳили рост) мебошад. Ҳолати сейсмикии ш. Душанбе бо ҳисоби тахминӣ ба 8-9 бали шкалаи Рихтер рост меояд.

Обтаъминкунии марказонидашудаи ш. Душанбе соли 1932 оғоз ёфтааст. Иқтидори ибтидойии иншооти обнигоҳдорӣ (обтозакунӣ) 16000 м³/шабонарӯз.-ро ташкил менамуд. Ба сохтори маркази обтозакунӣ таҳшингоҳҳои уфуқӣ, омехтакунакҳои сунбагӣ, камераи таворагии дурдаҳосилкунӣ, таҳшингоҳҳои уфуқии танвирӣ, полояндаҳои (филтрҳои) зудкор, обанбори оби оза бо ғунҷоиши 500 м³, истгоҳи обкашии дараҷаи дуюм дохил мешуданд. Бо сабаби онки пас аз таҳшингоҳҳои гилин об ба дигар иншоот бо ёрии обкашҳои дар бинои истгоҳи обкашии дараҷаи дуюм қарордошта интиқол меёфт, истгоҳ «Фишорӣ» («Напорная») номида мешуд. Манбаи обтаъминкунии он дарёи Варзоб аст, ки аз он дар масофаи 16 км. болотар аз шаҳр об гирифта мешавад.

Афзоиши талаботи аҳолии шаҳр ба об барои сохтмони истгоҳи дигар, ки номи «Худҷорӣ» («Самотечный»)- ро дорад асос гардид, ки соли 1957 ба кор дароварда шуд. Манбаи таъминоти об барои ин истгоҳ низ дарёи Варзоб ба шумор меравад.

Дар соли 1972 иншооти обнигоҳдории зеризаминӣ ба истифода дода шуд, ки дар қисми Ҷанубу Шарқии шаҳр дар дарёбоди дарёи Кофарниҳон ҷойгир аст (ИОК), дар соли 1977 бошад, истгоҳи иншооти обнигоҳдорӣ дар қисми Ҷанубу Ғарбии шаҳр ба кор андохта шуд, ки «Иншооти обнигоҳдории Ҷанубу Ғарбӣ» номида шудааст.

Дар айни замон Обтаъминкунии шаҳри Душанбе тавассути чаҳор иншооти обнигоҳдорӣ бо иқтидори лоиҳавии 520000м³/шабонарӯз. амалӣ карда мешавад, ки аз онҳо дутояш сатҳизаминӣ буда дорои иқтидори лоиҳавии 204,000 м³/шабонарӯз мебошанд.

Омодасозии об барои истеъмол аз манбаи сатҳизаминӣ бо роҳи коркарди реагентӣ, таҳшинкунӣ, полоидан (филтркунӣ) дар полояндаҳои (филтрҳои) зудкор ва безараргардонӣ амалӣ гардонида мешавад. Омодасозии обҳои зеризаминӣ бошад танҳо бо роҳи безараргардонӣ амалӣ мешавад. Масоҳати умумии ишғолнамудаи ОКД аз рӯйи иқтидори истеҳсолӣ 311,3 га -ро ташкил медиҳад, ки аз он ҳудуди иншооти обнигоҳдорӣ - 169,2 га, иншооти обтозакунӣ - 130,4 га, боқимонда 117 га ба дигар сехҳои истеҳсолии ёридиҳанда рост меояд.

Дарозии шабакаҳои обгузар 675,8 км.-ро ташкил медиҳад, ки аз онҳо:


Қутри қубурҳо, мм

Дарозии қубурҳо км.

Обгузаронӣ

Шабакаи магистралӣ

Шабакаи тақсимотӣ

 1200

 8,4

 -

 -

 1000

 14

 -

 -

 900

 4.6

 -

 -

 800

 43

 -

 -

 700

 13

 -

 -

 600

 26

 22

 -

 500

 29.2

 38

 -

 400

 20

 20

 -

 350

 7

 10

 -

 300

 8.5

 82

 -

 250

 -

 18

 -

 200

 -

 19

 -

 150

 -

 33.6

 16

 100

 -

 20.2

 102

 Камтар аз 100

 -

 -

 94

 Ҳамагӣ

 173,7

 292,1

 220

Маводи қубурҳо:

 

пӯлод -60%,

чӯян-38%,

пластмасса- 1%,

сементу асбест -1%.

Танзим ва ба истифода додани шабакаҳои обгузар бо ёрии 16500 лулабандҳо (задвижкаҳо)- и дар 10700 чоҳ насбшуда амалӣ гардонида мешавад.

Дар шабакаҳои обгузар барои танзими ҳаҷми об 17 зарфҳои обнигоҳдорӣ бо ҳаҷми умумии 76500 м³ сохта ба истифода дода шудааст.

 

 


Обпартоҳо

Партоби пасобҳо аз ҳудуди шаҳр тавассути шабакаи обпартои дарозиаш 435,7 км. амалӣ карда мешавад, ки аз онҳо:

Коллекторҳо 112,4 км.

Шабакаи кучагӣ 135,2 км.

Дохилиҳуҷравӣ ва ҳавлигӣ 188,1 км. мебошанд.

Шабакаи обпарто 40 %-и ҳудуди шаҳрро фаро нагирифтааст. Дар ҳудуди шаҳр ду истгоҳи обкашии пасобҳои истифодашуда мавҷуд аст. Чуқурии максималии гузоштани Коллекторҳо то 8 метр, қутри калонтарини қубурҳо 2 метр, чуқурии миёнаи гузоштани онҳо 2,5 метрро ташкил мекунад.

 

Обанборҳои оби тоза

1

2

3

4

5

Номгӯй

Соли истифода

Ҳаҷм м3

Андоза (м)

Эзоҳ

Минтақаи 5-ум (2-дона)

 

 

 

 

№1

1990

6000

(36х36х4.8)

кор мекунад

№2

1990

6000

(36х36х4.8)

кор мекунад

Камчин

1977

6000

(36х36х4.8)

кор намекунад, тарқиш дорад

Сурхоб (2-дона)

 

 

 

 

№1

1987

3000

(30х24х4.8)

кор мекунад

№2

1987

3000

(30х24х4.8)

кор мекунад

Калинин (2-дона)

 

 

 

 

№1

1968

500

 

кор намекунад, фурурафтагӣ дорад

№2

1968

10000

(48х48х4,8)

кор мекунад

Қаротегин

1975

500

(10х10х4,8)

кор мекунад

 

 

 

 

 

минтақаи 3-юм

 

 

 

 

№ 1

1979

6000

(36х36х4.8)

кор мекунад

№ 2

1979

6000

(36х36х4.8)

 

Чашмасор

1974

1000

 

кор намекунад, тарқиш дорад

Баҳорӣ (2-дона)

 

 

 

 

№1

 

6000

(36х36х4.8)

кор мекунад

№ 2

 

3000

(30х24х4.8)

кор намекунад

НМТ (2-дона)

 

 

 

 

№1

1977

6000

(36х36х4.8)

кор мекунад

№2

1977

6000

(36х36х4.8)

кор мекунад

 

 

 

 

 


Сомонаи расмии президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Конфронси оби дар
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Маркази милии қонунгуҳории
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ «ОБУ КОРЕЗИ ДУШАНБЕ»,2013-2019.