ЭЪЛОН (корҳои таъмирӣ-профилактикӣ)

 

Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе», ба таваҷҷуҳи сокинон ва дигар истифодабарандагони оби нӯшокии пойтахт мерасонад, ки бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикӣ дар истгоҳи обтаъминкунии «Кофарниҳон» доир ба омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди:

- ноҳияи Фирдавсӣ: маҳаллаҳои Гулбутта, Маърифат, Крупский-1,2, шаҳракҳои 61,63,64,65, кӯчаҳои Н.Қарабоев, Қаҳҳоров, Фучик, Чайковский;

- ноҳияи Шоҳмансур: кӯчаҳои Назаршоев, Қаротеғин, Ховарон, Мирзобек, Зебуниссо, Чиноро-1,2, К.Хуҷандӣ, Восифӣ, Хайробод, Мастонгулов, Фучик, К.Манн, Зафар, С.Р.Афардӣ, Улуғбек, У.Зоконӣ, А.Савдо, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ, аз бинои роҳи оҳан то Меҳмонсаройи «Пойтахт» ва қисмати кӯчаи С.Айнӣ то гардиши Фурӯдгоҳ, шаҳракҳои 191, 192,193, Бинокорон ва маҳаллаи аҳолинишини Комбинати коркарди чӯб аз соати 23:00 рӯзи 4 октябр то соати 24:00 рӯзи 5 октябри соли 2017 қатъ мегардад.

Бинобар ин аз шаҳрвандон ва дигар обистеъмолкунандагон хоҳиш карда мешавад, ки миқдори лозимии оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.


Сомонаи расмии президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Конфронси оби дар
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Маркази милии қонунгуҳории
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ «ОБУ КОРЕЗИ ДУШАНБЕ»,2013-2019.